БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ…

БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ. Устод Рӯдакӣ падидаи нодири забонӣ ва адабии рӯзгори Сомониён мебошад.
Дар Тоҷикистон ҳамасола 22 сентябр Рӯзи устод Рӯдакӣ дониста мешавад. Ба ин муносибат дар зер андешаҳои доктори илми филология, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон оид ба устод Рӯдакӣ ҳамчун падидаи нодири забонӣ ва адабии аҳди Сомониён манзур мегарданд.

— Одамушшуаро Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ (858-941) на танҳо маъруфтарин сухансарои рӯзгори давлати Сомонӣ, балки аз бузургтарин устодони забону адаби мо барои ҳамаи давру замонҳо аст, ки то ба имрӯз сурудаҳои ширину шево ва ҷаззобу дилкашаш вирди забонҳо қарор гирифтааст. Ин ҳақиқат, ки «султони шоирони ҷаҳон»- устод Рӯдакӣ парвардаи хони давлату неъмати Сомониён аст, ҷойи шакку шубҳа надорад ва худи ӯ ҳам ин матлабро возеҳан таъкид намудааст:

Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,
Маро бузургию неъмат зи Оли Сомон буд.

https://www.facebook.com/share/p/16CvcseNy5e/
WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE