Бо ташаббуси Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон…

Бо ташаббуси Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 10 ноябри соли 2026 дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони«Такмили малакаҳои касбии судяҳо оид ба таъмини дастрасии кӯдакон ба адолати судӣ: таҷрибаи байналмилалӣ, равишҳои муосир ва дурнамои рушд» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо мақсади таҳкими дониш ва малакаҳои касбии судяҳо, омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ, инчунин баррасии роҳҳои такмили механизмҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои кӯдакон дар низоми адолати судӣ ба роҳ монда шуд.
Дар кори конференсия намояндагони мақомоти давлатӣ, ҳокимияти судӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои илмӣ-таълимӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин судяҳо ва коршиносони байналмилалӣ аз кишварҳои иштирокчӣ, аз ҷумла Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Салмон Султонзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE