Бо пайроҳаи бобои ҳамном
Сароянда ва оҳангсози тоҷик, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Муродбек Насриддинов 3 октябри соли 1951 дар деҳаи Мадрушкати ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омадааст.
Ин устоди савту наво ҳанӯз тифл буд, ки меҳри санъати овозхонӣ дар дилаш шуъла мезад. Аз ҷониби дигар, падараш, ки санъатдӯст буд, ин ҳам ба илҳоми сарояндагии Муродбек шира афзуд.
Бобои ин машшоқи санъат Муродбек ном дошт ва сароянда ё худ дуторнавози моҳир низ буд. Ана ин аст сарчашмаи дигари илҳоми Муродбек Насриддинов. Як сарчашмаи дигари табъи зариф ва латифи Муродбек ҳамон такбайтиву рубоиҳои хоси мардуми Мастоҳ аст.
Зимнан, бояд қайд кард, ки дар водии Зарафшон махсусан дар Мастчоҳ, дуторнавозиву байту рубоисароӣ аз ҳолу ҳавои вижае бархӯрдор аст. Такбайтиҳо (фардҳо) бештар байти аввали рубоиро мемонанд ва мардум аз он дар базму мотам, сари хирманҳо, сари куҳҳо, сари чашмаҳо, роҳҳои печопечи гарданаҳо, дар танҳоӣ ва миёни маъракаҳо фаровон мегӯянду медонанду мехонанд ва Муродбек ҳам аз ин маҳфилҳои мардумӣ сабақ омӯхтаву ганҷи ҳунар андӯхтааст. Овозхон дар баробари сарояндагӣ фарди босавод будааст.
Соли 1968, баъди хатми мактаби миёна се сол муаллими синфҳои ибтидоӣ шуда кор кардааст. Ӯ мегӯяд, агар дар дили инсон меҳри санъат мавҷуд бошад, ӯ ҳатман ба дараҷаи ниҳоии ин касб мерасад, аммо роҳи санъат заҳмату меҳнати зиёдро талаб мекунад. Бинобар ин, ӯ ба касби сарояндагиаш эътимоди қавӣ, ки дошт дигар илмҳоро низ аз худ кардан мехост. Бо ин мақсад, соли 1971 дар шуъбаи рӯзонаи факултаи табиатшиносӣ бо ихтисоси географ-биолог таҳсил кард. Ин илмҳоро ҳам омӯхт.
Ҳамзамон дар чорабиниву маҳфилҳои гуногун иштирок намуда, сурудхонӣ мекард. Соли 1974 дар фестивал-озмуни «Бӯстон», бахшида ба 50-солагии ҶШС Тоҷикистон штирок карда, соҳиби 10 хол гардид. Пас аз ин, дилаш ӯро нагузошт, ки дар дигар соҳа фаъолият кунад. Аз ин хотир, аз соли 1976 баъди хатми донишгоҳ бо роҳхат ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба кор омад. То соли 2014, яъне 38 сол дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон кор намуд. Дар ин боргоҳи ҳунар аз устодони санъат Зафар Нозимов ва Ҷӯрабек Муродов бисёр нозукиҳои мусиқии касбиро омӯхт ва бо мурури замон худ соҳиби сабки хос ва мактаби хеш гардид.
Акнун ӯ устоди мумтози санъат аст. Чунки мусиқии касбии тоҷикро омӯхт, ташаккул дод ва пос дошт. Чуноне, ки худ мегӯяд: «Мусиқӣ пок аст ва бояд мо онро пок нигоҳ дорем». Ана ҳамин садоқатмандӣ буд, ки ӯро ба сатҳи устодӣ расонид.
Аз оҳангҳои эҷодкардаи ӯ ба мисли: «Ин кист?», «Хумореву хуморе» (ғазали Мавлавӣ), «Мо донему дӯст» (ғазали Камоли Хуҷандӣ), «Эй шоҳиди қудсӣ», «Эй хусрави хубон» (шеъри Ҳофиз), «Мезанад борон ба шиша», «Санаме» (шеъри Лоиқ), «Дилбараки шӯх» (шеъри Ваҳобӣ) ва чанд тани дигар барномаи таронаҳои Муродбекро рангину дилнишин ва шуниданӣ сохтаанд.
Ин дилбохтаи санъат дар тӯли фаъолияти босамари хеш, зиёда аз сад тарона офаридааст, таронаҳои рангоранг ва гаронсанг. Ҳамкории эҷодиаш бо Лоиқ, Гулназар, Олимхон, ва ғ. сурат гирифтааст. Яке аз паҳлуҳои муҳими эҷодиёти Муродбек Насриддинов ҳам дар он аст, ки ӯ сурудҳои фолклорӣ яъне, намудҳои гуногуни рубоиҳои мардуми Мастчоҳро зинда гардонид, эҳё кард, ташаккул дод ва на танҳо дар Тоҷикистон, балки ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Сурудҳои лирикии «Эй шоҳиди қудсӣ» (Ҳофиз), «Сайри гулшан» (Саидо), «Шӯхи қаламқош» ва «Дӯстонро гум макун» (Мирзо Турсунзода), «Мезанад борон ба шиша» (Лоиқ), рубоиёти халқии саргаҳи Зарафшон ва ғайраҳо хеле хубу самимӣ суруда шудаанд. Насриддинов оҳангсоз низ мебошад.
Ӯ ба шеърҳои шоирони классику муосири тоҷик оҳанг бастааст. Чанде аз сурудҳояш дар фонди мусиқии Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радио маҳфузанд. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Муродбек Насриддинов бо кулбори пур аз суруду таронаҳояш, ба бисёр давлатҳои дунё амсоли Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Яман, Ироқ, Ҳоланд, Фаронса, Ҷопон ва ғайраҳо сафари ҳунарӣ намуда, ганҷинаҳои фолклори тоҷикро муаррифӣ намудааст.
Муродбек Насриддинов соли 1988 ба унвони ифтихории Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва соли 1998 бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст.
Мирсаид САТТОРИЁН,
“Садои Душанбе”