Пак Бён Сок бо сафари расмӣ ба Душанбе омад
Шаби 31 март Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея ҷаноби Пак Бён Сок бо ҳайати ҳамроҳонаш ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Фарҳод Раҳимӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.