Баррасии як қатор қонунҳо

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид.

Дар иҷлосия  “Протокол оид ба ворид намудани тағиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати давлати Кувайт оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгири намудаи саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя”, ” Оид ба ворид намудани тағиру иловаҳо ба лоиҳаҳои Қонунҳои ҶТ “ Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ”, “Дар бораи хариди давлатӣ”, “Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсефтӣ”, “ Дар бораи бехатарии саноатии обектҳои истеҳсолии хатарнок” ва “Дар бораи интихоби намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар суди конститутсионии ҶТ” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, созишномаҳо ба тасвиб расонида шуданд.

Тоҷиддин Сатторзода

Садои Душанбе                          

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE