Дуздӣ: ВКД ду ҷавонзанро гумонбар медонад
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сар задани ҷинояти дуздӣ дар оҳияи Варзоб хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи мазкур шикот кардааст, ки рӯзи 22-юми март, дар арафаи таҷлил аз ҷашни Наврӯз, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили сандуқи оҳанин (сейф) 400 доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Баъди муроҷиати хатии март кормандони ШВКД дар ноҳияи Варзоб чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузарониданд, ки дар рафти он аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 24-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чорбоғ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин дар натиҷаи чунин як чорабинии дигар аз ҷониби кормандони милитсия зани 38-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани як ҷинояти дуздии дигар дастгир карда шуд. Номбурда, 29-уми март, тахминан соати 10:00, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии зани 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи мазкур даромада, аз он ҷо 6 ҳазору 200 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Мирсаид САТТОРИЁН,
“Садои Душанбе”