Сироҷиддин Муҳриддин бо Сергей Шкарлет мулоқот намуд

1 апрел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Вазири маориф ва илми Украина Сергей Шкарлетро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ки аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Украина бо тамаркуз ба соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вазири маориф ва илми Украина аз 29 март то 2 апрел бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Ҳайати Украина беш аз 60 ректори донишгоҳҳои он кишварро дар бар мегирад.

Ҷаҳонноро ШОҚУРБОНОВА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE