Сироҷиддин Муҳриддин бо Анн Линде моҷарои марзиро баррасӣ карданд
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар Осиёи Марказӣ, Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Наталя Герман перомуни вазъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни суҳбат Вазири корҳои хориҷӣ ба Намояндаи вижа роҷеъ ба вазъ дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон, аз ҷумла тавофуқот оид ба эълони оташбас ва ҳусни нияти ҷонибҳо барои ҳаллу фасли ҳолати бавуҷудомада тариқи гуфтушунидҳо ва бо истифода аз василаҳои сиёсӣ-дипломатӣ маълумот дод. Дар ин росто, бо ишора ба аҳаммияти суҳбати телефонии роҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон барои ба эътидол овардани вазъ дар сарҳади давлатӣ, инчунин вохӯриҳои сарвазирон, тамосҳои телефонии вазирони корҳои хориҷӣ ва роҳбарони мақомоти амниятии ду кишвар, зарурати риояи реҷаи оташбас таъкид гардид. Вазири корҳои хориҷӣ ҳамзамон азми қавии Душанберо барои ҳалли батадриҷи ин масъала тариқи музокирот ва роҳҳои барои ҳарду ҷониб мақбул бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ иброз намуд.
Намояндаи вижаи Дабири кулли СММ аз тавофуқот дар мавриди оташбас ва имзои Протокол оид ба ҳалли низои мусаллаҳона дар қитъаҳои наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол намуда, дар ин росто аз саҳми босазои ҷониби мо дар ин раванд ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки Дабири кулли СММ вазъият ва ҳаводиси марзи Тоҷикистон ва Қирғизистонро бодиққат пайгирӣ дорад ва аз эълони оташбас низ хушҳол аст. Зимнан Н. Герман аз омодагии Дабири кулли СММ барои мусоидат ба ҳалли мусолиматомези ҳолати бавуҷудомада хабар дод.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милалро дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ карданд.