Собиқ Вазири фарҳанг ва ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон даргузашт

Раҷабмад Амиров сиёсатмадори тоҷик, номзади илмҳои педагогика (1983), профессор (1992), Арбоби Ҳунари Тоҷикистон (1997), узви вобастаи Академияи байналмилалии иттилоот (1999), собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004—2007) имрӯз – 26 майи 2021 дар синни 67-солагӣ, бар асари беморӣаз олам даргузашт.

Марҳум 28 апрели 1954, деҳаи Балучои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба дунё омадаааст. Соли 1974 Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро хатм намудааст. Соли 1977 хидмати ҳарбиро дар артиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Демократии Олмон адо намудааст.

Муаллими кафедраи корҳои маданӣ-маърифатии ДДСТ (1977—1979), аспиранти Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Ленинград ба номи Н. Крупская (1979—1982), муаллими калони кафедраи маданӣ-маърифатӣ (1984), декани факултети корҳои маданӣ-маърифатӣ (1984—1989), ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ (1989—1990) ва ректори ДДСТ ба номи М. Турсунзода (1990—2001), муовини аввали Вазири фарҳанги ҶТ (2001—2004), Вазири фарҳанги ҶТ (2004—2007), ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов (2007—2014). Аз соли 2014 ноиби ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар бахши илм ва робитаҳои байналмилалӣ буд.

Марҳум муаллифи зиёда аз 100 асару мақола оид ба масъалаҳои мухталифи фарҳанг. Раҷабмад Амиров дар таҳияи Қонуни ҶТ «Дар бораи фарҳанг», «Барномаи тайёр кардани кадрҳои соҳаи фарҳанг», «Назарияи рушди фарҳанги Тоҷикистон», «Барномаи тарбияи эстетикии Тоҷикистон» фаъолона иштирок намудааст.

Марҳум Амиров муаллифи якчанд лоиҳаи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, аз қабили Ҷашнвораи байналмилалии «Садои дилҳо», Ҷашнвораи байнулмилалии «Фалак», Ҷашнвораи байнулмилалии мусиқӣ таҳти унвони «Садои дилрабои Арғунун (соли 2017)» мебошад, ки дар сатҳи баланди касбию эҷодӣ доир гардиданд.

Намояндаи Шӯрои вакилони халқи шаҳри Душанбе (солҳои 1990—1995) ва ноҳияи Синои шаҳри Душанбе (солҳои 2001—2005) буд. Раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Туркия (аз соли 1998), Раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ (аз соли 2012 то рӯзи вафот) буд.

Раҷабмад Амиров бо медалҳои «Остона»-и Ҷумҳурии Қазоқистон (1999), Ассосиатсияи байналмилалии консертии «Мин-он» Ҷопон (2005), «10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ» (2003) ва ордени Исмоили Сомонӣ (дараҷаи II, соли 2005) қадрдонӣ шудааст.

То имрӯз асарҳои “Методика подготовки клубного сценария: Методические советы работникам клубных учреждений” (Душанбе, 1980), “Эҷодиёти дастаҳои ҳаваскорони санъат дар маишат, оила ва ҷои зист”, Душанбе, 1983), “Республиканская комплексная программа эстетического воспитания населения Таджикской ССР” Душанбе, 1989), “Истиқлоли фарҳангӣ” (Душанбе, 2001), “Бозтоби фарҳанг” (Душанбе, 2005) ва “Фарҳанг дар ташаккули маънавиёт” (Душанбе, 2005) мебошад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE