Суғд: Соҳилҳои дарёи Сир аз партов тоза гардиданд

Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд дар соҳилҳои дарёи Сир аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити  зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар аксияи мазкур 100 нафар кормандони Сарраёсати ободонӣ шаҳр ва дигар ташкилотҳо дастаҷамъона соҳилҳои дарёи Сирро аз партовҳои маишӣ ва алафҳои бегона, хусусан қамишзорҳои худрӯй тоза намуданд. Зимни гузаронидани аксия аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳр аз сокинони ин маҳал даъват ба амал оварда шуд, ки соҳили дарёро тозаю озода нигоҳ доранд ва ҳисси эҳтиром ба манбаи ҳаёт — обро ба ҷой оранд. 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE