ВКХ: Сафорати Тоҷикистон дар Кобул дар ҳолати муқаррарӣ фаъолият дорад
Сафорати Тоҷикистон дар Кобул дар ҳолати муқаррарӣ фаъолият дорад, хабар доданд аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.
«Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳолати муқаррарӣ фаъолият дорад», — гуфтанд аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ.
Рӯзи якшанбе иттилоъ расид, ки Толибон вориди пойтахти Афғонистон шудаанд. Бино ба гузориши расонаҳо, фармондеҳии ҷангиён дастур додааст, ки аз хушунат худдорӣ намоянд ва ҳар нафареро, ки мехоҳад шаҳрро тарк кунад, раҳо намоянд. Толибон ҳамчунин ваъда доданд, ки амнияти ҳамаи дипломатҳоро дар Афғонистон таъмин хоҳанд кард.