Шумораи фавтидагони заминларзаи мудҳиш дар Гаити ба 1297 нафар расид

Теъдоди қурбониёни заминларза дар Гаити ба 1297 нафар расид. Ҳадди ақалл 5,7 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дирӯз, 15 август Агентии Франс Пресс бо истинод ба маълумоти раёсати мудофиаи шаҳрвандии ҷумҳурӣ хабар додааст. 

Заминларза бо шиддати 7,2  балл тақрибан дар километри 125-уми самти ғарбии пойтахти Гаити- Порт-о-Пренс 14 август рӯзона рух дод. Маркази зилзила дар умқи 6 мил (тақрибан 9,65 км) будааст.

Ба гуфтаи нахуствазири Гаити Ариэл Анри, офати табиӣ ба минтақаҳои ҷанубӣ “хисороти бузург» ворид кардааст. Мақомоти кишвар ҳолати фавқулода эълон кардаанд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо супориши президент Ҷо Байден ба ин кишвари ҷазиравӣ кумак мекунанд.

Соли 2010 ин кишвар аллакай бо заминҷунбии ба ин дараҷа баробар дучор омада буд. Дар он вақт дар Гаити як силсила ларзишҳо ба амал омаданд, ки пурқувваттарини онҳо – бо шиддати 7 балл  низ дар ғарби Порт -о -Пренс сабт шуда буд. Тибқи ҳисобҳои расмӣ, шумораи қурбониён аз 222 ҳазор нафар гузаштааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE