Душанбе: Масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Япония дар самтҳои гуногун баррасӣ гардиданд

2 сентябр мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Японияро дар самтҳои гуногун баррасӣ намуданд. Таъкид гардид, ки таълим ва рушди захираҳои инсонӣ яке аз самтҳои авлавиятноки Стратегияи рушди Тоҷикистон мебошанд. Мутахассисони кишвари мо дар давраҳои гуногуни бозомӯзӣ дар Япония таҳсил мекунанд. Дар ин замина лоиҳаи Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS) дар рушди нерӯи мутахассисони ҷавон дар бахшҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ, иқтисодиёт ва мудирият саҳми арзанда мегузорад.

Дар фарҷоми мулоқот маросими имзои Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар бораи лоиҳаи “Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ” баргузор гардид.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE