Сироҷиддин Муҳриддин ва Доминик Рааб таҳкими cарҳад ва вазъ дар Афғонистонро баррасӣ намуданд

2 сентябр суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатӣ оид ба корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва Рушди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Доминик Рааб баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла таҳкими cарҳад ва  тағйирёбии иқлим гуфтугӯи судманд намуданд.

«Ҳамсуҳбатон ба мавзӯъҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус вазъ дар Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир карданд»,- гуфта мешавад дар хабари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE