Дар Душанбе даври шаҳрии озмунҳои «Мураббии сол-2022», «Омӯзгори сол-2022» ва «Хонандаи сол-2022» баргузор мегардад
Шурӯъ аз имрӯз то 20 декабр дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмунҳои касбии соҳаи маориф баргузор мегарданд. Аз ҷумла, даври шаҳрии озмуни «Мураббии сол-2022» 12-14 декабр, «Омўзгори сол-2022» 15-17 декабр ва «Хонандаи сол-2022» 19-20 декабр доир мешаванд. Дар ин бора аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Вобаста ба баргузории озмунҳои мазкур дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси Комиссияи озмунҳои касбии соҳаи маориф, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, аъзои комиссия аз сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ҷаласаи Комиссияи озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе дар соли 2022 баргузор гардид.
Зикр шуд, ки дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16 апрели соли 2020 «Дар бораи ташкил ва баргузории озмунҳои «Мураббии сол», «Омўзгори сол» ва «Хонандаи сол», ки низомномаи озмунҳои мазкур тасдиқ гардидааст, дар шаҳри Душанбе тибқи қарори дахлдори раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмунҳои касбии соҳаи маориф ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар натиҷа ғолибони озмуни «Мураббии сол-2022», «Омўзгори сол-2022» ва «Хонандаи сол-2022» муайян гардида, довталабон ба даври шаҳрӣ пешниҳод карда шуданд.
Тибқи тартиб, тавре зикр кардем, баргузории даври шаҳрии озмуни «Мураббии сол-2022» 12-14 декабр пешбинӣ гардидааст. 12-13 декабр довталабон дар кўдакистонҳо машғулият мегузаронанд ва 14 декабр қисмати назариявӣ, саволу ҷавоб оид ба ихтисос, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа, кор бо компютер гузаронида мешавад.
Даври шаҳрии озмуни «Омўзгори сол-2022» 15-17 декабр баргузор мегардад. 15-16 декабр довталабон дар муассисаҳои таълимӣ дарсҳои намунавӣ аз рўи ихтисос дар доираи 45 дақиқа, муаррифии таҷрибаи корӣ дар доираи 20 дақиқа, таҳлили дарс (худбаҳодиҳӣ 10 дақиқа), маҷлиси падару модарон дар доираи 20 дақиқа, соати тарбиявӣ дар доираи 20 дақиқа мегузаронанд.
17 декабр ҷамъбасти озмун дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» бо гузаронидани саволу ҷавоб бо довталабон аз рўи ихтисос, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа ва кор бо компютер анҷом меёбад.
Даври шаҳрии озмуни «Хонандаи сол-2022» 19-20 декабри соли 2022 дар Муассисаи давлатии «Маркази кўдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» баргузор мегардад. Шартҳои озмун чунинанд: дар қисмати аввали рўз- корҳои тестӣ ва дар қисмати дуюми рўз корҳои хаттӣ аз фанҳои таълимӣ гузаронида мешаванд. Дар рўзи дуюм баҳогузорӣ ба намоиши дастовардҳо, маҳорати суханварӣ ва донишҳои назариявӣ пешбинӣ шудааст.
Раиси Комиссияи озмунҳои касбии соҳаи маориф, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода аз масъулин тақозо намуд, ки шаффофияти озмунҳоро таъмин кунанд.