Имрон Хон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд
Бино ба даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16-17 сентябри соли 2021 сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон ба Тоҷикистон сурат мегирад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар чорчӯби сафари мазкур Сарвазири Покистон дар нишасти ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамзамон дар иҷлосияи муштараки сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД дар Душанбе иштирок мекунад. Дар назар аст, ки зимни сафари мазкур мулоқотҳои Сарвазири Покистон бо роҳбарияти олии кишвар доир гардида, бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расад.
Сарвазири Покистонро дар ҷараёни сафари расмӣ ба Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии он кишвар Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ ва дигар ашхоси расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд. Зимнан дар доираи сафари мазкур нишасти чоруми Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистон ва Покистон дар назар аст.