Иброҳим Раисӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд
Бо даъвати расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 сентябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни сафари расмӣ мулоқоти хоссаи роҳбарони ду давлат ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар дар назар аст. Дар натиҷаи мулоқот имзои Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи густариши равобити дуҷониба ва бастаи санадҳои нави ҳамкорӣ дар назар аст.