Дарвоз: Ифтитоҳи Маркази адлия, майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдакон

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Анҷираки Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бинои наву замонавии Маркази адлия, майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдаконро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои Маркази адлия дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар масоҳати умумии 1 ҳазору 500 метри мураббаъ сохта шудааст. Иншоот аз ду ошёна бо таҳхона иборат мебошад ва дорои 7 ҳуҷраи корӣ барои фаъолияти кормандони Идораи нотариалии давлатӣ, кормандони Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, толори зебою муҷаҳҳази ақди никоҳи навхонадорон ва толори машваратии ройгони ҳуқуқӣ мебошад.

Толори ақди никоҳ, ҳуҷраи роҳбарият, равзанаи ягона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон дар ошёнаи якуми бино мавҷуд буда, китобхона, идораи нотариуси давлатӣ ва дигар ҳуҷраҳои корӣ дар ошёнаи дуюм ҷойгир шудаанд, ки дорои тамоми шароити замони муосир мебошанд. Дар толори машваратии ҳуқуқӣ сокинони ноҳия имкон доранд аз ёрии ройгони ҳуқуқӣ баҳравар гарданд.

Барои кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ошёнаи якум шароити хуби корӣ муҳайё карда шудааст. Дар китобхонаи Маркази адлия асарҳои бадеӣ ва соҳавӣ барои пешбурди кори мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва нотариуси давлатӣ муҳим, нигоҳ дошта мешавад. Таҳхонаи бино ҳамчун бойгонӣ барои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои нотариалӣ, китобҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳим пешбинӣ гардидааст. Дар вақти сохтмон 35 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори мувақатӣ таъмин шуданд. Бино бо тарҳи муосир ва ҷавобгу ба меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шуда, ба атроф зебоӣ зам намудааст.

Майдончаи варзишӣ дар масоҳати 280 метри мураббаъ сохта шуда, дорои шароити хуби машғул гардидан ба бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол мебошад. Майдонча дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Сарвари давлат бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби Вазорати адлия бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.

Дар қисми дигари замини ҷудогардида майдончаи бозии кӯдакону наврасон бунёд ёфтааст, ки бо таҷҳизоти дилхушии кӯдакона муҷаҳҳаз мебошад. Шароити фароҳамгардида дар иншооти мазкур масъулияти кормандонро дар самти ҳуҷҷатгузории нотариалӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон бештар мекунад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE