Файзобод: Қоҳир Расулзода иншооти таъйиноти гуногунро ба истифода дод

Дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ авҷи тоза касб намуда, ба ин васила инфрасохтори шаҳру ноҳияҳои мамлакат беҳтар ва сатҳи некуаҳволии мардум ба маротиб хуб гашта истодааст.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Файзобод иншооти таъйиноти гуногунро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо ҷараёни истифодаи мақсадноки замин шинос шуд. Нахуст Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод корхонаи Оби маъдани Файзободро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Корхонаи мазкур дар доираи ҷашнҳои миллӣ ва ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ бунёд карда шудааст.
Бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти хушсифат технологияи муосири аврупоӣ ворид гардида, сокинони маҳаллӣ пас аз омўзиш ба кор ҷалб карда шудаанд.

Пас аз ифтитоҳи иншоот дар идомаи сиёсати ғамхоронаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 12 нафар ятими кулл сару либос ва туҳфаҳо тақдим карда шуд. Дар идома  Сарвазири мамлакат беморхонаи сироятии минтақавӣ, меҳмонхона, роҳ ва маркази хизматрасониро ба истифода супорид. Дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ноҳияи Файзобод сохтмон ва навсозии 374 иншоот ба нақша гирифта шуда буд, ки то имрӯз беш аз 320 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд, ки зиёда аз 90 дарсади дурнаморо ташкил медиҳад.

Аз иншооти ба истифодадодашуда 16-то ба соҳаи маориф, 33-то ба соҳаи тандурустӣ, 4-то ба соҳаи фарҳанг, 18-то ба соҳаи варзиш,  4-то ба  соҳаи кишоварзӣ, 27-то таъмири роҳу пул, 5-то ҳаммом, 7-то сартарошхона, 4-то кошонаи ҳусн, 9-то хати оби нӯшокӣ, 78-то маркази хизматрасонӣ ва 86 иншооти дигар ташкил медиҳад. Дар дигар иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд.

Ҳамчунин бо мақсади рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорию соҳибкорӣ, беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба инфрасохтори заминавии иҷтимоӣ дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ», «Дастури методӣ оид ба таҳия ва татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияву шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Файзобод барои солҳои 2021-2025» таҳия ва қабул гардидааст.

Дар доираи барномаи мазкур 174 лоиҳаи афзалиятнок таҳия гардидааст, ки аз ин 66 лоиҳа ба бахши иқтисодӣ, 60 лоиҳа ба бахши иҷтимоӣ, 30 лоиҳа ба бахши инфрасохтор, 11 лоиҳа ба бахши ҳифзи муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулода, инчунин 7 лоиҳа ба бахши таъминоти захиравӣ рост меояд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамчунин бо фаъолияти аҳли заҳмат ва намоишгоҳи сокинони ноҳияи Файзобод шинос шуд. Имрўзҳо аҳли заҳмат бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва ҷалби техникаҳои соҳавӣ ба ҷамъоварии картошка ва дигар ҳосили  саҳро машғуланд. Заҳмати пайваста ва истифодаи тухмиҳои хушсифату ба муҳити ноҳия мутобиқ ба нашъунамои хуб ва ба даст овардани ҳосили баланд замина гузоштааст.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Файзобод майдони умумии заминҳои корам 6410 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 2948 гектараш заминҳои корами обӣ мебошанд. Дар ноҳия майдони боғ 6031 гектар ва токзор 424 гектарро ташкил медиҳад. Дурнамои кишти ғалладонагиҳо дар соли 2021 2100 гектар, картошка 870 гектар ва сабзавот 560 гектарро дар бар мегирад. Майдони замини корами наздиҳавлигӣ дар ноҳия 849 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 340 гетктараш обӣ мебошад. Дар ноҳия 3728 хоҷагиҳои деҳқонӣ барои истеҳсоли маҳсулоти гуногун фаъолият намуда, имрўзҳо дар баробари таъмини талаботи сокинони ноҳия самараи дастранҷи худро ба дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба фурӯш мебароранд.

То имрўз дар ноҳия 3117 тонна картошка, 2251 тонна сабзавот, 341 тонна мева, 2032 тонна гӯшт, аз ҷумла 1146 тонна гӯшти паранда, шир 8139 тонна, тухм 48 миллиону 624,4 ҳазор дона истеҳсол карда шудааст. Ҳамчунин, дар доираи сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо сокинон ва кормандони касбу кори гуногуни ноҳияи Файзобод мулоқот намуд.

Таъкид карда шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар заминаи сиёсати муваффақу бобарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат, таъмини шоистаи зиндагии сокинон ва ободу зебо гаштани Тоҷикистони соҳибистиқлол тадбирҳои таъхирнопазир андешида шуданд. Натиҷа ҳамин аст, ки имрўз сокинони мамлакат дар фазои сулҳу осоиштагӣ кору зиндагӣ мекунанд.

Дар ин росто аз сокинони ин ноҳияи мамлакат эҳсос намудани ҳисси баланди худшиносию худогоҳӣ, заҳмати содиқона ба хотири рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол  ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъмини фаровонҳосилӣ, дар рӯҳияи ватандўстию худшиносӣ тарбия намудани насли ояндасози ватан талаб карда шуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE