Қосимшо Искандаров: Тоҷикистон хостори Афғонистонест, ки маншаи таҳдид барои ҳамсояҳо набошад
Ҳафтаи охир баъзе аз расонаҳо вобаста ба ҳаракати аз ҷониби Шӯрои амнияти СММ мамнуъ ва террористӣ эълоншудаи «Толибон»* садо баланд карданд, ки гӯё Тоҷикистон дар умури дохилии Афғонистон мудохила намуда ва бояд ин мудохиларо қатъ кунад. Мавқеи Тоҷикистон нисбати қазияи Афғонистон бар кадом усулҳои ҳуқуқии байналмилалӣ асос ёфтааст? Маншаи ин сару садо ва таблиғот чист? Чаро ин гурӯҳ нигарон ва саросема шудааст? Таҳдид ва чолишҳо аз ҷониби Афғонистон барои минтақа бо омадани «Толибон»*зиёд шудааст ё кам? Роҷеъ ба ин ва дигар масъалаҳои доғи Афғонистон суҳбати номзади илмҳои таърих Раҳматкарими Давлат бо Қосимшо Искандаров, доктори илмҳои таърих, профессор, мудири Маркази мутолиоти Афғонистон пешкаш мешавад.
Қосимшо Искандаров бидуни шак муаррих ва пажуҳишгари таърихи садаи бистуми Афғонистон аст. Бахусус, дар таҳлили рӯйдодҳои ду даҳаи охир хеле афкоре баён дошта, ки метавонад чун беҳтарин маводи таҳлилӣ дар шинохти имрӯзи сиёсатҳо атрофи Афғонистон хизмат кунад.
Р. Д. – Қосимшо Искандаров, кишварҳое ҳастанд, ки мудохилаи онҳо дар корҳои Афғонистон машҳуд ё ошкор аст. Ҳамаи инро мушоҳида мекунад. Тоҷикистон ҳаргиз дар равандҳои сиёсӣ ва корҳои дохилии Афғонистон мудохилае надоштааст. Вале ахиран чунин изҳоротҳо садо доданд. Ҳадафи он чӣ аст?
Қ. И. – Аввал ин ки ҳеҷ гурӯҳ, аз ҷумла гурўҳе, ки муддаии ин суханон шудааст, ҳаққи аз номи Афғонистон сухан гуфтанро надорад. Аз номи Афғонистон танҳо ҳукумати қонунӣ ва эътирофшудаи он кишвар метавонад суҳбат кунад ва даъво пеш биорад, ки дар умури он кишвар мудохила сурат гирифтааст ё не. «Толибон»* мисли ҳама дигар гурўҳҳои мусаллаҳи ғайри қонунӣ як гурўҳи террористӣ мебошад, ки аз ҷониби СММ ва бархе кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия ҳамчун гурўҳи террористӣ дониста шуда, фаъолияташ мамнуъ эълон шудааст. Ҳукумате, ки ин гурўҳ ташкил додааст, ҳамчун ҳукумати расмӣ аз ҷониби ягон кишвар эътироф нашудааст. Бинобар ин, набояд ба ҳарфи чунин гурўҳ вокуниши расмӣ сурат бигирад.
Гузашта аз ин, ҳеҷ гурӯҳ ва ё шахсе ягон далел ва санаде дар мавриди ин ки Тоҷикистон дар умури Афғонистон мудохила карда бошад, надорад. Зеро чунин чизе, яъне мудохилаи Тоҷикистон дар корҳои Афғонистон вуҷуд надорад ва ҳама гуна даъво дар ин бора беасос ва бебунёд мебошад. Тоҷикистон дар гузашта ҳам дар умури кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон мудохила надошта ва феълан ҳам қасди мудохила дар корҳои дохилии кишвари ҳамсояро, ки бо ҳазорон риштаи таборӣ, фарҳангӣ, динӣ ва таърихӣ пайванд мебошад, надорад.
Дар тӯли замони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллати тоҷик, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҳамчун ҳомии манфиатҳои мардуми Афғонистони ҳамсоя аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ, аз ҷумла СММ баромад кардааст, ки таърих онро фаромӯш намекунад. Пешвои миллати тоҷик зимни мулоқот бо роҳбарони ҷаҳон, дар конфронсҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамеша ва ба таври хастагинопазир таъкид намудааст, ки мушкили Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва барои ҳалли мусолиматомез ва одилонаи қазияи Афғонистон даъват намудааст. Бояд гуфт, ки маҳз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муътақид аст ва борҳо аз минбарҳои баланд гуфтааст, ки низои Афғонистон натиҷаи мудохилаи қувваҳои хориҷӣ мебошад. Яъне Сарвари давлати мо мухолифи қатъии мудохилаи хориҷӣ дар корҳои дохилии Афғонистон аст.
Изҳороти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Покистон М. Қурайшӣ ва суханронии эшон дар дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, 24 сентябри соли 2021 ношӣ аз нигаронияшон аз эҳтимоли оғози дубораи ҷанги дохилӣ дар Афғонистон дар заминаи маҳдудиятҳои ҷоринамудаи «Толибон»* нисбат ба занон, ақаллиятҳои қавмӣ ва гурўҳҳои сиёсӣ мебошад. Шумо шоҳид ҳастед, ки бо вуҷуди тарсу ҳаросе, ки «Толибон»* ҷорӣ намудаанд, ҳазорон зану мард дар ҷодаҳои шаҳрҳои бузург барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ тазоҳурот мекунанд. Ҳар рӯз мо шоҳиди инфиҷор, ихтитоф ва одамрабоӣ ҳастем. Мардум аз хона ва маҳалли зисти доимии худ кӯчи иҷборӣ дода мешаванд, дунё шоҳид аст. Дар саросари дунё имрӯзҳо муҳоҷирони афғон дар пойтахтҳои бузурги олам муқобили «Толибон»* тазоҳурот доранд. Аз ҷониби дигар муқовимати мусаллаҳона дар дохили кишвар идома дорад.
Мавзегирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи ҳамон сиёсати шаффоф, воқеӣ, якрӯ ва устувори ӯ дар давоми ин солҳо мебошад. Ҳадафи изҳороти охири Пешвои миллат он аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ мисли солҳои 90-ум асри гузашта дар баробари нақзи ҳуқуқи башар, ба хусус ҳуқуқи занон, сиёсати табъизи қавмӣ ва мазҳабӣ ва пуштибонӣ аз гурўҳҳои террористӣ бетарафиро ихтиёр накунад. Кишварҳои бузург, ки дар эҳё ва ба сари қудрат баргаштани «Толибон»* ба ин ё он шакл нақш доранд, аз «Толибон»* ҷиддан тақозо намоянд, ки ба ваъдаҳои худ дар мавриди ҳуқуқи башар ва сохтани ҳукумати фарогири ҳамашумул амал намояд, ки дар он манфиатҳои ҳамаи қавмҳо, гурӯҳҳои сиёсӣ ва занон риоя шуда бошад. Тоҷикистон як бор ҷанги дохилиро таҷриба намуда ва пайомадҳои талхи онро, аз ҷумла таъсири воқеаҳои Афғонистонро дар оғоз ва ташдиди ҷанги дохилии Тоҷикистон дар солҳои 1990 дар ёд дорад. Бинобар ин, мо намехоҳем, ки дубора ба ташаннуҷи авзоъ рӯ ба рӯ шавем ва он нооромиро дубора озмоиш кунем. Далели нигаронии мо ҳамин аст.
Бо вуҷуди ҳамаи ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ахиран дар мулоқот бо нахуствазири Покистон эълон намуданд, ки омодаанд музокира ва мулоқоти «Толибон»*-ро бо намояндагони қавмҳои дигар, аз ҷумла тоҷикон дар Душанбе ба мақсади поён додан ба ихтилофот ва ҳалли ниҳоии қазия мусоидат ва мизбонӣ намоянд. Дар куҷои ин мавзеъгирӣ шумо дахолатро мебинед?
Р. Д. – Пас далели ин гуна изҳори назарҳо чӣ метавонад бошад?
Қ. И. – Ин гуна туҳматзаниҳо дар шароите рух медиҳад, ки ягон кишвар, ҳатто кишварҳое, ки аз пирўзии «Толибон»* хушҳолӣ мекарданд, ҳукумати ташкилнамудаи онҳоро ба расмият нашинохтаанд. Идораи «Толибон»* бо мушкилоти фаровон ва ғайри қобили тасаввур мувоҷеҳ мебошанд, ки оқибат Афғонистонро ба фоҷеаи башарӣ рӯбарӯ хоҳад кард. Аз ҷумла, роҳбарияти «Толибон»* дар дохили худ ба мушкилот ва буҳрони роҳбарӣ дучор шудааст. Як гурўҳ аз роҳбарон ба гурўҳи дигар итоат намекунад. Бар сари тақсими вазифаҳо ҷангу ҷанҷол доранд. Дар ин маврид Дабири кулли СММ А. Гутерреш ба сароҳат изҳор намуд, ки ҷанҷоли дохилии «Толибон»* ояндаи Афғонистонро норӯшан кардааст. Аз ҷониби дигар, Ҷабҳаи муқовимати алайҳи «Толибон»* шакл гирифта истодааст. Ҳамин ҳоло аз вилоятҳое мисли Панҷшер, Бағлон, Дойкундӣ, Нангарҳор, Кунар, Лағмон ва Ҳироту Ғур дар мавриди мавҷудият ва амалкарди ҳастаҳои мусаллаҳи зидди «Толибон»* гузориш мерасанд. Дар бонкҳо пул мавҷуд нест, ниҳодҳои давлатӣ маоши кормандонро пардохт карда наметавонанд, иқтисодиёт фалаҷ шуда истодааст. Гуруснагии умумӣ кишварро таҳдид мекунад. Аз нигоҳи сиёсӣ «Толибон»* дар ин марҳила шикаст хурда, дар бунбаст қарор гирифтаанд. Дар чунин шароит роҳбарияти «Толибон»* эҳтимолан маҷбур аст, ки нақши душмани хориҷиро бармало кунад, то таваҷҷуҳро аз мушкилоти дохилӣ ба дигар тараф ҷалб намояд.
Р. Д. – Дар воқеъ чӣ таҳдидҳои воқеии амниятиро дар ҳоли ҳозир метавон аз Афғонистон интизор дошт? Мояи аслии нигаронии Тоҷикистон аз ин зовия чӣ аст?
Қ. И. – Изҳори нигаронии Тоҷикистон аз хатарҳои мавҷуда ва таҳдидҳои эҳтимолии оянда ва ҳатто пешгирӣ аз табдил шудани ин таҳдидҳо ба хатарҳои воқеӣ ҳаққи қонунӣ ва эътирофшудаи ҳар кишвар аз ҷумла Тоҷикистон мебошад. Имрӯз ба ҳама маълум аст, ки гурӯҳҳои мухталифи террористии байналмилалӣ дар Афғонистон паноҳгоҳ ёфтаанд. Дар миёни ин гурўҳҳо шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам зиёд мебошанд. Гузоришҳо дар мавриди баргашти роҳбарони “Ал-Қоида”* ба Афғонистон мавҷуд аст. Садҳо аъзои гурӯҳи ДОИШ аз зиндонҳои Афғонистон раҳо шуданд, ки озодона фаъолият доранд. Тибқи гузоришҳои мавҷуда пойгоҳҳо ва қароргоҳҳои гурўҳҳои интиҳорӣ ва маргталаб аз шимоли Покистон ва ҷанубу шарқи Афғонистон ба шимоли Афғонистон интиқол шудаанд.
«Толибон»* даъво доранд, ки даҳ ҳазор нерӯи низомии вижаи худро дар марзи вилоятҳои Қундуз, Тахор ва Бадахшон ҷо ба ҷо намудаанд. Гарчанде «Толибон”* даҳ ҳазор нерӯи омӯзишдида ва муназзам, ки ба шимол бифиристад, надорад. Аммо «Толибон»* аз ҳисоби ҷавонони маҳаллӣ ва ҷангҷӯёни хориҷӣ лашкар ё қитъаҳои махсуси ба номи Умарӣ, Мансурӣ, Бадрӣ ва Истишҳодӣ ташкил намудааст. Ин гурўҳҳо таҳдиди мустақим ба амнияти Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд. Вале «Толибон»* ҳаргиз монеъи фаъолият ва рафтуомади озоди онҳо нашудаанд. Балки онҳоро паноҳ дода ва ба нафъи худ дар ҷангҳо истифода кардаанд. Инро метавон кӯшиши мудохила ва таъсиррасонӣ ба корҳои дохилии кишварҳои ҳамсоя унвон кард.
Р. Д. – Ба фикри Шумо таҳаввулот чӣ гуна инкишоф хоҳад ёфт? Чӣ вазъияте Афғонистон ва минтақаро интизор хоҳад буд?
Қ. И. – Ин бастагӣ дорад аввал ба худи «Толибон»* ва баъдан ба кишварҳои ҳомии он ки то чӣ ҳад воқеияти имрўзаи Афғонистонро ба назар мегиранд. Дар як кишвари бисёрмиллата ба назар нагирифтани ҳаққи машруи миллатҳо, зери по гузоштани ҳаққи занон, ки ниме аз пайкари ҷомеа мебошанд, номумкин аст. Имрӯз поксозии қавмӣ, нодида гирифитани ҳуқуқи ақаллиятҳои мазҳабӣ, бо вуҷуди эълони афви умумӣ куштори собиқ кормандони давлатӣ идома дошта, ба арзишҳои ақидатӣ ва фарҳангии қавмҳои дигар тавҳин ва таҳқир сурат гирифта истодааст. Давлате, ки дар зарфи 20 сол бо кумаки ҷомеаи байналмилалӣ сохта шуда буд ва мардум ба он умед доштанд, ба «Толибон»* таслим дода шуд ва дар амал давлат, артиш ва зерсохторҳои давлатӣ аз байн рафтанд. «Толибон»* низоми Аморати исломиро дар асоси таърифи хоси худ аз ислом ва шариати исломӣ мехоҳанд бунёд гузоранд. Аксари мардум дар солҳои 90-уми асри гузашта мухолифи ҷорӣ кардани қоидаҳои сахтгиронаи Аморати исломии «Толибон»* буданд. Ва агар бо назардошти таҷрибаи гузашта, «Толибон»* як низоми муътадили исломиро таъсис дода, манофеи ҳамаи қишрҳо ва гурўҳҳои этникиро мадди назар гиранд ва дар идораи давлат саҳим созанд ангезае барои ихтилоф ва муқовимат намемонад. Дар ғайри сурат, норизоятиҳо афзоиш ёфта, доманаи муқовимат густариш пайдо мекунад. Ин вазъият на ба манфиати «Толибон»*, на ба манфиати мардум ва на ба манфиати ҳамсоягони Афғонистон аст.
Гузашта аз он, агар «Толибон»* Афғонистонро бори дигар ба пойгоҳи амн барои гурўҳҳои террористӣ табдил кунанд, ҳукумати онҳо дар инзивоъ қарор хоҳад гирифт ва эҳтимоли вокуниши ҷиддии низомии кишварҳои хориҷӣ вуҷуд дорад.
Суҳбаторо: Раҳматкарими ДАВЛАТ