Исфара: Ҷамоатҳои Воруху Чоркӯҳ нақшаи даъватро 100 фоиз иҷро намуданд

Дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар рўзи нахустини маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ нақшаи пешбинишуда пурра ва саривақт иҷро шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара.

Дар натиҷаи роҳандозии дурусту муассири корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби гурӯҳҳои таблиғотию ташвиқотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолон дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳба муносибати гусели гурӯҳи ҷавонони ватандӯст, ки ихтиёран ва бо амри дилу виҷдон азми хизмати Модар — Ватан кардаанд, ҷамъомади ботантана баргузор гардид.

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода баробари изҳори сипос ва таманниёти нек ба наваскарон хизмат ба Ватан – Модарро рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандӣ арзёбӣ карда, аз таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат бобати муҳайё намудани шароити хуби хизмати ҳарбӣ ва зисти сарбозону афсарон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ёдовар шуд. «Имрўз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан нишонаи равшани эҳсоси ватандўстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи кишвар мебошад», — гуфт Баҳоваддин Баҳодурзода.

 

Собиқадори меҳнат Бобоаҳмад Аҳмадов хизмат ба Ватан – Модарро рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандӣ арзёбӣ карда, гуфт, ки мардуми Тоҷикистон дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёну муҳофизони боэътимоди худро мебинанд ва дилпурона бо роҳи бунёдкориву созандагӣ пеш мераванд.

Ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастани ҷавонон падидаи сурурбахш буда, шаҳодати он аст, ки ҷавонони мо баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодии хеш, таҳкиму сулҳу осоиштагӣ ва дастгирии сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳаматарафа омодаанд.

Дар фарҷом модарони даъватшудагон бо пайгирӣ аз анъанаҳои дерин ба аскарбачагони оянда нон газониданд. Барномаи рангини фарҳангӣ хотири иштирокдоронро болида гардонид.

Аксҳо аз АМИТ «Ховар»

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE