Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркманистон

24 январи соли 2023 дар шаҳри Тошканд вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баргузор гардид. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суҳбат маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон баррасӣ шуданд. Вазирон ҳамчунин доир ба ҷадвали мулоқотҳои дарпешистода дар сатҳи олӣ ва баланд табодули афкор намуданд.

Гуфтугӯ дар руҳияи ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE