Сӯҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Валентина Матвиенко
Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия муҳтарам Валентина Матвиенко доир гардид.
Роҳбари Палатаи болии парламенти Русия бо изҳори таманниёти самимии саломатии бардавом ва муваффақиятҳои минбаъда дар мансаби олии давлатӣ Пешвои миллатро бо зодрӯзашон табрик намуд.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои пешбурди минбаъдаи робитаҳои байнипарлумонӣ, ки дар таҳкиму таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии байни кишварҳоямон нақши муҳим мебозанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Роҳбари давлати мо ба Валентина Матвиенко барои табрикот арзи сипос намуда, изҳори боварӣ карданд, ки тамоми маҷмуи муносибатҳои байни Тоҷикистону Русия минбаъд низ ба нафъи мардумони ду кишвар рушд хоҳанд ёфт.