Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳрониро ифтитоҳ намуданд
13 декабр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
Марказ бо таҷҳизоту технологияи иттилоотии муосир таҷҳизонида шуда, дар он имконияти мусоид барои дастрасии маълумоти фаврӣ оид ба офатҳои табиӣ, таҳлили онҳо, огоҳсозии аҳолӣ, идоракунии қувва ва воситаҳои низоми ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода бо низоми муайяншуда фароҳам шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори Комиссияи ҳолатҳои фавқулода бо имконияти технологӣ барои дарёфти маълумот дар бораи ҳолатҳои эҳтимолии табиӣ ва ҳамоҳангкунии қувваю воситаҳо ҷиҳати пешгирии он шинос шуданд.
Барои мушаххас намудани абрҳои жолаовар, ҳолатҳои заминҷунбӣ, тасвири ҷойи воқеа, таҳияи харитаи офати табиӣ ва имконияти пайвастшавӣ ҷиҳати гузаронидани ҷаласаҳои фаврии онлайнӣ аз порталҳо ба таври васеъ истифода мешавад.
Бинобар сабаби тағйир ёфтани иқлим эҳтимоли ба вуҷуд омадани офатҳои табиӣ бештар гардидааст. Бо назардошти ҳамин Сарвари давлат ҳайати шахсиро ҷиҳати истифодаи муфид аз имконияти замонавии фароҳамшуда ва сари вақт пешгирию бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода вазифадор намуданд.
Масоҳати умумии бинои Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1520 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Корҳои сохтмонии бино 2 феврали соли 2021 оғоз гардида, бо ҷалби сармояи хориҷӣ мутобиқ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст.
Иншооти замонавӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар бино толори машваратӣ, ҳуҷраи сардори ситоди Комисияи ҷумҳуриявии ҳолатҳои фавқулода, ҳуҷраи сардори марказ, толорҳои алоқаи фаврӣ, иттилоотӣ ва ҳамоҳангсозӣ, 3 ҳуҷраи тиббӣ, ошхона, меҳмонхона ва ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир шудаанд.
Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти идоракунии ҳаррӯзаи низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода буда, барои муттаҳид намудани манбаи иттилоот, имконияти мавҷудаи зернизоми вазифавӣ ва ҳудудии низоми ягона ҷиҳати идоракунии фаврӣ дар вазъияти буҳронӣ ва фавқулода пешбинӣ шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандону мутахассисонро барои омӯзиши нозукиҳои кор тавассути технологияи муосир, такмили маҳорат, сари вақт мушаххас намудани мавзеи эҳтимолии хавфнок ва дар ҳамоҳангӣ андешидани тадбирҳои зарурӣ вазифадор намуданд.
Назорати доимии фаъолияти марказҳои идоракунии ҳолатҳои буҳронии Раёсатҳои Кумита дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳо, хадамоти навбатдории вазорату идораҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳо оид ба ташкил, такмилдиҳӣ ва истифодаи устувори низоми худкори иттилоотӣ оид ба масъалаҳои огоҳсозӣ аз ҳамин маркази муосир оғоз мегирад.
Дар ҳолати қатъ гардидани қувваи барқ дар марказ ба таври худкор аз имконияти захиравӣ истифода мешавад.
Бунёди Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҷаҳҳазгардонии он бо технологияи муосир имкон медиҳад, ки маълумоти дақиқи ҷаҳон ва ҳудуди мамлакат онлайн тавассути порталҳо дастрас ва ҳолати воқеӣ пайгирӣ шавад.