ЁВОН: Муассисаҳои тиббӣ ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд

Ҳифзи сиҳатии омма дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дошта, тули солҳои истиқлоли давлатӣ ба хотирии солимии аҳолӣ ҳазорҳо муассисаҳои нави тиббӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолиро дар кишвар ба маротиб беҳтар намудааст. Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати ҶТ “Дар бораи омода намудани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 аз ҷониби Шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ санитарии ноҳияи Ёвон 40 ҳазор сомонӣ чудо гардида, 42 тонна ангишт харидорӣ  ва ба муассисаҳои тиббӣ ноҳия расонида шудааст. Тавре  Маҳмадиссо Раҳмонов муовини сардори шабакаҳои КАТС-и  ноҳияи мазкур ба ҳамкорамон Тоҷиддин Саттров иттилоъ дод, имрӯз дар ин ҳудуд 41 бунгоҳи саломатӣ ва 32 маркази саломатӣ фаъолият менамоянд, ки онҳо бо маводи сухт, аз ҷумлаи ангишт, хезум, ашёи корӣ ва маводи хӯрока, таъмин карда шуда, пурра ба мавсими сармо омодагӣ гирифтаанд. Ба иттилои манбаъ, дар баробари марказҳои саломатии марказӣ, дурдастарин бунгоҳҳои тибию санитарии ноҳияи Ёвон  дар баробари таъмин бо маводи сӯхт , шишабандӣ, таъмир гардида, бо печҳои аловию барқӣ ва генераторҳо таъмин карда шудаанд. Табибони ин ноҳия мегӯянд, бо назардошти дар фасли сармо хурӯҷ намудани бархе аз ангезаҳои беморӣ аз ҷумлаи зуком, аз тамоми имкониятҳои моддию техникӣ ва илмӣ истифода хоханд бурд, то, хизматрасонии бо сифати тиббӣ ба аҳолиро таъмин ва дар умум дар ҳифзи сиҳатии мардум нақши арзанда гузоранд.

Тоҷиддин Сатторов

Садои Душанбе

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE