Шаҳринав: Раванди зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимӣ идома дорад

Дар ҳудуди ҷамоти деҳоти “Сабо”-и ноҳияи Шаҳринав 9-муассисаи таълимии миёнаи ибтидоӣ ва 3-адад бунгоҳи тиббӣ мавҷуд буда, алҳол раванди зимистонгузаронӣ дар ин муассисаҳо бо маром идома дошта, алакай дар 4-тои он захираи маводи сухт ба пуррагӣ ба анҷом расонида шудааст. Тавре сармуҳосиби омори ҷамоати деҳоти “Сабо”-и ноҳия Асомиддин Содиқов ба ҳамкорамон Тоҷиддин Сатторов иттилоъ додааст,  соли ҷорӣ деҳқонону кишоварзон аз заминҳои хоҷагии деҳқониашон ҳосили баланд ба даст овардаанд. Ба зикри мавсуф хоҷагидорон нисбат ба соли гузашта имсол аз боғоти ангур ҳосили фаровон гирифта, дар баробари таъмини бозори дохилӣ содирот ба хориҷи мамлакат, дар сардхонаҳои ҳудуди ноҳия захираи махсулот барои фасли зимистон ҷараён дошта, интизор аст, ки рӯзҳои наздик нақшахо пурра амалӣ карда мешавад. Бояд тазаккур дод, ки дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав 6-ҷамоати деҳот ва 1 шаҳрак мавҷуд буда, имрӯзҳо дар онҳо раванди зимистонгзаронӣ ва захираи маводи сухт, инчунин таъмири роҳҳои афтомобилгард барои ин фасл  дар сатҳи баланд рохандозӣ шуда, тибқи нақшаи мақомти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав бояд то охири моҳи октябр  ба анҷом расонида шавад. Ба таъкиди масъулин имрӯзҳо дар тамоми муассиаҳо ва ташкилоту корхонаҳои ҳудуди ноҳия раванди зимистонгузаронӣ идома дошта, маблағҳо дар ин самт ба пуррагӣ ҷудо ва истифода мешаванд.

Тоҷиддин Сатторов

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE