Сироҷиддин Муҳриддин бо Жозеп Боррелл мулоқот намуд

Имрӯз 22-уми ноябр дар доираи баргузории ҷаласаи 17-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Жозеп Боррелл, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуданд. Дар мулоқоти мазкур, ки дар Вазорати корҳои хориҷии кишвар сурат гирифт, масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ва дурнамои онҳоро дар бахшҳои гуногун  сари баҳс қарор доданд. Сироҷиддин Муҳриддин ва Жозеп Боррелл инчунин дар мавриди масоили амнияту суботи минтақа, алалхусус вазъ дар Афғонистон, хатари терроризму ифротгароӣ, ки яке аз мавзӯъҳои меҳварии ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо буд гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

Султонов Шодонҷон

Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE