Душанбе: Вохӯрии 11-уми солонаи муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардид
Дирӯз, 8 декабр дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) вохӯрии 11-уми солонаи муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқоти мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Фарҳод Салим роҳбарӣ намуд. Инчунин дар мулоқот муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Азизбек Мадмаров, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Фурқат Сидиқов, муовини Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Вафо Ҳоҷиев, Намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар Осиёи Марказӣ, роҳбари UNRCCA Наталя Герман, мудири Маркази мубориза бо терроризми СММ Ҷаҳонгир Хон, муовини Намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар Афғонистон, муовини роҳбари Намояндагии СММ оид ба мусоидат ба Афғонистон (UNAMA) Метте Кнудсен ва намояндагони кишварҳои мададрасон иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳайати Ҷумҳурии Қазоқистонро дар ин нишаст Сафири Фавқулода ва Мухтори ҶҚ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аскар Тоҷибоев роҳбарӣ намуд.
Аснои нишасти мазкур ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, тундгароӣ, ҷинояткории муташаккилона, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва мушкилиҳои иқтисодӣ-иҷтимоиро мавриди муҳокима қарор дода, инчунин роҷеъ ба дурнамои рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ табодули назар намуданд.
Дар чаҳорчӯби яке аз иҷлосияҳои вохӯрии мавриди назар ба марҳилаи 4-уми лоиҳаи муштарак зери унвони «Нақшаи муштараки амал: Дар роҳи татбиқи фарогири Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ дар Осиёи Марказӣ» ҳусни оғоз бахшида шуд.