Дар Душанбе Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай таъсис меёбад
Дар шаҳри Душанбе Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай таъсис меёбад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Созишнома оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе дар қатори 15 санади нави ҳамкорӣ имрӯз аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои Созмон дар шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид.
Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе ба таҳкими ҳамкории давлатҳои аъзои созмон дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳияи чорабиниҳои муштарак ва мубодилаи таҷрибаҳои муосир мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор дошта, имрӯз дар ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай иштирок ва суханронӣ намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»