Эмомалӣ Раҳмон: Имсол аввалин бор фарҳанги Тоҷикистон дар павилиони Аврупо муарифӣ гардид
Дар замони соҳибистиқлолӣ имсол аввалин бор фарҳанги Тоҷикистон дар павилиони Аврупо муаарифӣ гардид. “Моҳи октябри соли ҷорӣ аввалин бор дар минтақаи Аврупо намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон кишвари обҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи Гимейи Фаронса баргузор гардид”,- иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хуб ба Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон.
Зикр шуд, ки дар муддати се моҳ, таърихи тамаддуни ғании миллати шарафманди тоҷик, мавзеъҳои таърихии сарзамини мо дар асрҳои гуногун, осори фарҳангию ҳунармандии қадима ва санъати нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Аврупо муаррифӣ гардид, ки ин як дастоварди наҷиби мо дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.