Дар Душанбе Форуми минтақавии роҳбарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми минтақавии роҳбарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Ин нукта зимни вохӯрии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода ва Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноглуро зикр карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.

Чанде қабл Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноглуро ба ҳузур пазируфт ва зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи СММ ва Кумита дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва ташкили Форуми навбатии Ҷаласаи минтақавии роҳбарони сохторҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе баррасӣ гардиданд.

Раиси Кумита дар бораи захираҳои мавҷудаи сӯзишворию равғанҳои молиданӣ, девораҳои оҳану бетонӣ, тӯрҳои ҳимоявӣ дар анборҳои Кумита маълумот дод. Вай зикр намуд, ки бо мақсади вокунишҳои сареъ ба селҳои эҳтимолӣ ва пешгирӣ аз онҳо ва дигар офатҳои табиӣ бояд шумори захираҳо афзуда шавад ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз СММ мехоҳад дар ин масъала кумак намояд.

Раиси Кумита ба С. Синаноглу гуфт, ки моҳи ноябри соли 2021 дар пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон — шаҳри Тошканд Форуми минтақавии роҳбарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуда, дар поёни он протоколе ба имзо расид, ки механизмҳои ҳамкории минтақавӣ миёни идораҳои наҷоти ин кишварҳо дар он пурра инъикос шуда буданд. Ҳамчунин дар ин протокол қарор шуда буд, ки Форуми навбатӣ моҳи октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои баргузории ин чорабинии басо муҳими байналмилалиро дар сатҳи олӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамоҳангсозии доимии СММ дар Тоҷикистон Сезин Синаноглу ба ҳалли вазифаҳои дар пешистода дар ҷаласаи навбатии Гурӯҳи РЕАКТ изҳори умед намуд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE