КДАМ: Амалҳои иғвоангезонаи шаҳрвандон ва марзбонони Қирғизистон боиси шиддат гирифтани вазъ дар сарҳад мегарданд
Вақтҳои охир ҳодисаҳои амалҳои иғвоангезонаи шаҳрвандон ва марзбонони Ҷумҳурии Қирғизистон бештар ба мушоҳида расида, боиси бад шудани вазъ дар сарҳад мегарданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба маълумоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 декабри соли 2021, тахминан соати 13:50, дар мавзеи деҳаи Чашмаи ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон, мошини тамғаи «Опел» бо рақами давлатии Қирғизистон 50-49 D ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт гардид. Муайян карда шуд, ки дар мошин 4 нафар марзбонони мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон қарор доштаанд.
Зимни суҳбат ва тавзеҳ дар бораи убури ғайриқонунии марз ва ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон марзбонони қирғиз гуфтанд, ки ин амалҳоро тибқи дастури сардорони худ анҷом додаанд. Сарҳадбонони қирғиз бо назардошти талаботи созишномаҳои қаблан ҳосилшуда ба қаламрави Қирғизистон баргардонида шуданд.
Инчунин 22 декабри соли 2021, тахминан соати 14:10, дар маҳаллаи шаҳраки Хистеварзи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон далели убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз ҷониби мошини тамғаи КАМАЗ бо рақами давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон сабт гардид. Тавре маълум шуд, мошини сӯзишворӣ ба як шаҳрванди Қирғизистон тааллуқ дорад.
Бо мақсади нигоҳ доштани нақлиёти вайронкунандаи қоида марзбонони Тоҷикистон ишораи боздошт кардаанд. Аммо ронанда ба талаби марзбонони тоҷик эътибор надода, суръати мошинро афзоиш дода, хостааст марзбононро пахш кунад.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда мошин боздошта шуд. Ҳангоми боздошт ронандаи мошин осеб надидааст. Илова бар ин, 22 декабри соли 2021, тахминан соати 23:00 аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар деҳаи Сомониёни шаҳри Исфараи вилояти Суғд ба манзили як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тирандозӣ сурат гирифт. Тир аз нуқтаи аҳолинишини Майскийи Кирғизистон паронда шудааст. Дар натиҷа тирезаҳои хонаи як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон осеб дидаанд.
Аз рӯи ҳамаи ҳодисаҳои сарҳадии дар боло зикршуда дар сатҳи намояндагони марзбонии ҷонибҳо мулоқотҳои корӣ баргузор мешаванд.