Президенти мамлакат Корхонаи мебелбарории ҶДММ «Ситораи Суғд»-ро ба истифода доданд

8 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд корхонаи мебелбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ситораи Суғд»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи нави саноатӣ дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ва Солҳои рушди саноат (солҳои 2022-2026) аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фурқат Дадабоев бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ бунёд ва бо технологияи муосир муҷаҳҳаз карда шудааст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нави истеҳсолӣ 30 нафар, аз ҷумла бонувони  маҳаллӣ бо шароити хуби кор  ва маоши баланд таъмин гардиданд.

Масоҳати умумии иншооти нави саноатӣ 1,5 гектарро дар бар гирифта, биноҳои истеҳсолӣ ва анборҳои маҳсулоти хому тайёри он дар майдони 1100 метри мураббаъ қомат афрохтаанд.

Дар корхона намудҳои гуногуни мебел, аз ҷумла мизу курсӣ, роҳаткурсӣ, рахти хоб ва ҷевон бо сифати баланд истеҳсол карда мешаванд.

Дастгоҳу таҷҳизоти васлгардида дар корхонаи мазкур аз давлатҳои Чин ва Туркия ворид гардида, онро мутахассисони маҳаллӣ идора мекунанд.

Ашёи хом барои истеҳсоли мебел, аз ҷумла ДСП, МДФ, ЛДСП ва ФАРНИТУРА аз Федератсияи Русия ва Туркия дастрас гардида, дар асоси фармоиш ва завқу салиқаи мизоҷон бо шаклу андоза ва дизайни муосир маҳсулоти босифати ватании ивазкунандаи воридот омода карда мешавад.

Корхона имкон дорад, ки бо истифода аз муосиртарин дастгоҳҳо дар раванди истеҳсоли мебел дар як моҳ 1000 метри мураббаъ ЛДСП ва МДФ-ро коркард намояд.

Истеҳсолоти корхона дар марҳилаи аввал ба таъмини бозори дохилӣ равона гардида, масъулон дар асоси дастуру маслиҳатҳои Сарвари давлат иқдом гирифтаанд, ки бо боло бардоштани иқтидори истеҳсолӣ содироти маҳсулоти ватаниро ба кишварҳои ҳамсоя ҳам ба роҳ монанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE