Зокирзода ва Матвиенко мулоқот карданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки сафари Валентина Матвиенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, бешубҳа, боз як далели рушди босуръати маҷмӯи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия мебошад.

Маҳмадтоир Зокирзода доир ба муносибатҳои байнипарлумонӣ изҳор кард, ки «Маҷлиси намояндагон бо дарназардошти аҳамияти рушди минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатии кишварҳоямон минбаъд низ ҷиҳати таҳкими заминаи ҳуқуқӣ тадбирҳои мушаххас ва муттасил меандешад. Робитаҳои фаъол ва кори муштараки роҳбарон ва вакилони парлумонҳои ду давлат дар чаҳорчӯби Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ сурат мегиранд».

Зикр шуд, ки бо Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия робитаи зичи байнипарлумонӣ ба роҳ монда шудааст. Барои рушди ҳамкории байнипарлумонӣ заминаи муносиби ҳуқуқӣ мавҷуд аст.

«Миёни парлумонҳоямон гурӯҳҳои дустӣ ва ҳамкорӣ таъсис дода шуда, фаъоланд. Давоми ду соли фаъолияти даъвати нав вакилони мо борҳо ба Федератсияи Русия сафар намудаанд. Сар аз солҳои 2000 робитаҳои байнипарлумонии мо махсус фаъол гардиданд. Мулоқотҳои дуҷониба тақрибан ҳар сол- ҳам дар ҷараёни сафарҳои расмӣ ва кории ҷонибҳо ва ҳам дар ҳошияи ҷаласаҳову чорабиниҳои дигар дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ, Ассамблеяи порлумонии СААД баргузор мешаванд», — тазаккур дод Раиси Маҷлиси намояндагон.

Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко зикр дошт, ки «мо ҳамеша хостори муносиботи неку равобити ҳасана бо шарики стратегии кишвари худ – Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастем ва талош менамоем, ки ин равобит бештар тақвият ёбад».

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE