Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ корхонаи истеҳсоли уребчаҳоро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи истеҳсоли уребчаҳо дар кӯчаи Миралӣ Маҳмадалии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор дода  шуд, иттилоъ доданд дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст бо шароити фароҳамовардаи кор дар корхонаи мазкур ошно гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи мазкур аз ду қисм, коргоҳи истеҳсолию анборхона ва қисми маъмурӣ иборат буда, дар он 150 нафар ба кори доимӣ фаро гирифта шудаанд. Корхона имкон дорад, ки дар се баст фаъолият намуда, дар як дақиқа то 600 адад  ва дар як шабонарӯз зиёда аз 800 ҳазор адад уребчаҳо истеҳсол намояд.

Сохтмони корхона дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби ҶДММ «Васли Моғиён» соли 2020 оғоз гардида буд.

Фармоишгари корхонаи истеҳсоли уребчаҳо роҳбари ҶДММ «Афзалият групп» Абдураҳмон Ғайбуллозода буда, корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Селтехпроект» бо риояи стандартҳои ҷаҳонӣ анҷом дода шудааст.

Масоҳати умумии корхона 11845.0 метри мураббаъро ташкил дода, коргоҳи истеҳсолӣ аз ду ошёна иборат мебошад, ки дар он 11 ҳуҷраи корӣ, ошхона барои кормандон ва озмоишгоҳ барои санҷиши маҳсулоти истеҳсолшуда ҷойгир гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур бо арзиши понздаҳ миллион сомонӣ бунёд гардида, таҷҳизоти истеҳсолии он аз технологияҳои итолявии ширкати Фамеканика Машинерии Ҷумҳурии Италия мебошад. Дар оянда масъулин нақша доранд, ки бо бештар намудани ҳаҷми истеҳсоли уребчаҳо содиротро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъулинро муваззаф намуданд, ки дар самти баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE