БА ТОҶИКИСТОН БИЁЕД! Роҳи заминӣ ба Узбекистон, Қазоқистон, Русия ва бозгашт кушода шуд

Комиссияи байниидоравӣ оид ба мубориза бо COVID-19  дар Қазоқистон ба тартиби убури сарҳади давлатии кишвар дар давраи маҳдудияти карантинӣ тағйирот ворид кард, хабар медиҳад манбаи иттилоотии Zakon.kz. Ҳамин тариқ, шурӯъ  аз 11 апрели соли равон  ба вуруди шахсоне, ки тавассути гузаргоҳҳои заминӣ аз сарҳади Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ворид мешаванд, иҷозат дода мешавад.

Вазорати нақлиёти Узбекистон низ аз кушодашавии  хатсайрҳои заминӣ, аз ҷумла ифтитоҳи хатсайрҳои мунтазами автобус ва роҳи оҳан бо Қазоқистон хабар дод. Ин маънои онро дорад, ки роҳи заминӣ аз Тоҷикистон на танҳо барои Узбекистон, балки ба Қазоқистону Русия ва бозгашт боз аст, зеро аксари шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути Узбекистон ба ин кишварҳо сафар мекунанд. Кушодашавии роҳҳои заминӣ бозгӯи он аст, ки аз ин имкон шаҳрвандони Русия, Қазоқистон ва Узбекистон, аз ҷумла сайёҳоне, ки мехоҳанд ба Тоҷикистон биёянд, истифода кунанд.

Қаблан маълум шуда буд, ки мақомоти Узбекистон аз 16 март маҳдудияти убури марз бо Тоҷикистон ва Қазоқистонро, ки моҳи январи соли 2022 ба далели паҳн шудани штамми нави коронавируси  «омикрон» ҷорӣ шуда буд, лағв кардаанд. Зимнан зикр гардид, ки барои барқарор намудани кори тамоми гузаргоҳҳои марзӣ тадбирҳо андешида мешаванд.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар дод, ин тасмим аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус ба далели беҳбуди вазъи эпидемиологӣ дар робита ба бемории COVID-19 гирифта шудааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE