Шаҳри Бӯстон маъракаи даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба анҷом расонид

Шаҳри Бӯстони вилояти Суғд чорабинии даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба анҷом расонид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бо роҳандозӣ намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, анҷом додани мулоқоту суҳбатҳо бо насли ҷавон ва волидайни онҳо, экскурсияи ҷавонони синни даъватӣ ба қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр, боздиди волидайн аз қисмҳои ҳарбӣ, баргузории чорабиниву мусобиқаҳои ҳарбӣ-ватанпарастии дорои хусусияти тарбиявию маърифатӣ яке аз аввалинҳо шуда дар вилояти Суғд даъвати баҳории ҷавонони солҳои таваллудашон 1995-2004-ро ба сафи ҚМ ҶТ ба анљом расонид.

Инчунин корбарии дастҷамъонаи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо комиссариати ҳарбӣ ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу ниҳодҳои давлатӣ ҷиҳати ҷалби ихтиёриёни ҷавон ба курси кӯтоҳмуддати ронандатайёркунӣ дар ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» низ ба ҷамъбасти саривақтиву босифати даъвати баҳорӣ мусоидат намуд.

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Бо такя ба ин меъёри Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони ҷасуру матиниродаи шаҳри Бӯстон бо азму иродаи устувор, неруву ҷасорат ва мардонагӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат пайваста, сарбаландона марзу буми Ватани аҷдодиамонро муҳофизат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки 3 апрели соли равон дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Бӯстон бо иштироки роҳбарияти вилоят, шаҳр, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонони ватандӯсти шаҳр ва волидайни онҳо Рӯзи даъватшаванда бо барномаи тантанавӣ доир гардида, як гурӯҳ ихтиёриёни ҷавони шаҳри Бӯстон мутантан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE