Ҳайати Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб иштирок намуд

 8 май дар шаҳри Абу-Забии Амороти Муттаҳидаи Араб таҳти унвони «Ваҳдати мусулмонон, чолишҳо ва имкониятҳо» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои рушди ҳамкорӣ миёни ҷамъияти мусулмонони ҷаҳон дар самти сулҳу субот дар минтақа баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшини Муқим хабар дод.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода дар ин конфронси байналмилалӣ ширкат намуд. Дар конфронси байналмилалӣ Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода низ иштирок намуд.

Дар конфронс намояндагони расмии ҳукуматҳои зиёда аз 40 кишвари ҷаҳон иштирок ва масъалаҳои рушди ҳамкорӣ миёни ҷамъияти мусулмонони ҷаҳон дар самти сулҳу субот дар минтақа ва пешгирӣ аз чолишҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE