Дар Қаршӣ вохӯрии навбати гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид
Аз 19 то 25 июни соли 2023 дар шаҳри Қаршӣ вохӯрии навбати гурӯҳҳои кории Комиссияи муштараки демаркатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид. Дар ин хусус дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои гузариши хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Узбекистон муҳокима гардиданд.
Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.