Дар Душанбе машваратҳои солонаи сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва ИМА доир гардиданд
Дар шаҳри Душанбе даври нӯҳуми машваратҳои солонаи сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Илоёти Муттаҳидаи Америка таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ Доналд Лу баргузор шуд.
Ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, инчунин дар бахшҳои тандурустӣ, маориф ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карданд.
Ҳамчунин доир ба муқовимат бо таҳдиду чолишҳои муосир, ҳуқуқи инсон ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз табодули афкор сурат гирифт.