Ҷонибек Ҳикмат бо Ёвари Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ Мирослав Енча мулоқот кард
25 май Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо Ёвари Дабири кулли СММ дар умури сиёсӣ Мирослав Енча мулоқот кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар баробари мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак ҳамчунин вазъи амнияти минтақавӣ ва пайомаду таъсири равандҳои сиёсӣ-иҷтимоии муосирро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин ҳамсуҳбатон омодагии худро ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои марбута изҳор намуданд.