Қазоқистон: Воридоти молу маҳсулот аз Тоҷикистонро афзоиш хоҳем дод
Дар доираи сафари кории ҳайати расмӣ ва бахши хусусии Ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон имрӯз дар меҳмонхонаи «Хилтон»-и шаҳри Душанбе Бизнес- Форуми Тоҷикистон-Қазоқистон баргузор гардид.
Ба иттилои Тахмина Амониён, хабарнигори радиои «Овози тоҷик», ҳамоиши мазкурро Манзура Рустамова, муовини директори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, баргузории ин чорабиниро қадами муҳим дар рушди ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар арзёбӣ кард.
Нуралӣ Букейхонов, муовини директори генералии ҶСК «QazTrade»-и Ҷумҳурии Қазоқистон зимни суханронӣ дар мавриди ҳамкориҳои дуҷониба, зикр намуд, ки Тоҷикистон шарики муҳими тиҷоратии Қазоқистон аст. “Ман ҳамчун намояндаи Маркази “QazTrade” оид ба рушди сиёсати савдо, агентии миллии рушди савдои Қазоқистон, бо камоли хушнудӣ қайд мекунам, ки ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои мо заминаи мустаҳкам ва тамоюлҳои мусбати рушд доранд, ки яке аз омилҳои асосии рушди муносибатҳои Қазоқистону Тоҷикистон мебошад.”
Тахмина Амониён зимни суҳбат бо намояндагони ҷониби Қазоқистон маълум кард, ки онҳо дар Форуми “Бохтар – Агро – фуд” иштирок намуданд ва ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда содироти молу маҳсулотро аз Тоҷикистон ба Қазоқистон афзоиш диҳем.
Мавриди зикр аст, ки мубодилоти мол миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон дар соли 2021 натиҷаҳои мусбат нишон дода, 1,2 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31% бештар аст. Содирот аз Қазоқистон ба Тоҷикистон дар соли 2021 15,4% афзуда, 800,3 миллион долларро ташкил дод.
Дар доираи ин чорабинӣ як қатор қарордодҳои содиротӣ оид ба махсулоти макарон, биринҷ, яхмос ва масолеҳи сохтмонӣ ба маблағи 7,7 миллион доллар ба имзо расид.