Ҳамкорӣ бо ширкати ҳавопаймоии «Ютэйр Эйрлайнс»-и Русия ба рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд

20 май  дар Федератсияи Русия вохӯрии раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Камолиддин Муминзод бо роҳбари ширкати ҳавопаймоии «Ютэйр Эйрлайнс» Олег Семёнов баргузор гардид. Дар ин хусус дар Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Зимни мулоқот раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон  оид ба  имконияти сайёҳии мамлакат маълумоти муфассал дода, гуфт, ки парвозҳои мунтазам байни давлатҳо ба рушди сайёҳӣ мусоидат менамояд. Пешниҳод карда шуд, ки маводи чопии иттилоотӣ-тарғиботӣ тавассути ҳавопаймоҳои ширкати Ютэйр ба мусофирон пешниҳод карда шуда, ширкати мазкур дар овардани ҳайатҳои эҷодие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаррифӣ мераванд, мусоидат намояд.

Олег Семёнов дар бораи фаъолияти ширкати Ютэйр, парки ҳавопаймоиҳои ширкат ва таҷрибаи кормандонаш маълумот дода, иброз дошт, ки ширкати мазкур дорои даҳ ҳазор корманд, парки бузурги ҳавопаймоӣ ва чархболҳо мебошад.

Мавсуф гуфт, ки аз шаҳрҳои Москва, Сургут ва Тюмен ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ҳафтае зиёда аз 30 парвоз анҷом дода мешавад.

Роҳбари ширкати ҳавопаймоии «Ютэйр Эйрлайнс» пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистонро ба хушӣ пазируфта, омодагии худро барои ҳамкорӣ дар ин самт изҳор намуд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE