Тоҷикистон ва Чин тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро баррасӣ намуданд

28 май мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои амнияти берунӣ Чэн Гопин баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни нишаст масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардида, тарафҳо ба аҳамияти андешидани тадбирҳои муштарак барои рафъи пайомадҳои манфии ҳамагирии COVID-19, зарурати тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди  терроризм, экстремизм, сепаратизм, ҷинояткории муташаккил ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таъкид намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои амнияти берунӣ Чэн Гопин ҷиҳати иштирок дар даври 4-уми Муколамаи амнияти минтақавии мушвирон оид ба амнияти миллӣ/котибони шӯроҳои амният оид ба Афғонистон ба Душанбе омадааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE