Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд

Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни ҳамоиши идона муовини раиси ноҳия Манижабону Аминзода таъкид намуд, ки “Истиқлолияти давлатӣ барои мо рамзи олии Ватану ватандӯстӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори созанда, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд”.

Изҳор шуд, ки яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони Истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ дорад.

Инчунин доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, рушду пешрафти ноҳия дар 33 соли мустақилияти Тоҷикистон, талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлат дар робита ба таваҷҷуҳи хоссаашон ба бахши мактабу маориф, бунёди иншооти тиббӣ, рушди фарҳангу маънавиёт, нишондиҳандаҳои бахши кор бо занон ва оила, рӯзгори ҷавонон, музаффарияти варзишгарони мамлакат ва дигар паҳлуҳои соҳаҳои иҷтимоӣ сухан гуфта шуд.

Дар доираи ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат халқи шарафманди тоҷик, аз ҷумла сокинони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳар гӯшаи Ватанро ба ҷабҳаи бузурги созандагиву ободонӣ табдил додаанд.

Дар идома ба як зумра кормандони бахшҳои гуногуни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ мукофот ва ифтихорномаҳо супорида шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE