Аслиддин Ҳабибуллоев: «Мушкилоти асосӣ нарасидани бозигарони калидӣ аст»

Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) Аслиддин Ҳабибуллоев ва нимҳимоятгари даста Сорбон Авғонов дар нишасти хабарии пеш аз бозии даври аввали Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи «D» бо тими Арабистони Саудӣ ширкат карданд.
Аслиддин ҲАБИБУЛЛОЕВ, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистон (U-23):
– Мо дар Ҷоми Осиё-2022 шомили яке аз пурқувваттарин гурӯҳҳо мебошем. Арабистони Саудӣ, Ҷопон ва АМА – ин дастаҳо ба муаррифӣ ниёз надоранд. Ҳар як мунтахаб кӯшиш мекунад, ки мушкилоти худро ҳал кунад. Мушкилии аслии тими мо нарасидани бозигарони калидие мебошад, ки дар ихтиёри тими миллии Тоҷикистон қарор дошта, ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 омодагӣ мебинанд. Бо вуҷуди набудани як қатор бозигарон кӯшиш мекунем, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё дар Ӯзбекистон бозии хуб нишон дода, мухлисонро бо натиҷаи хуб шод гардонем.
Сорбон АВҒОНОВ, нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон (U-23):
– Дастаи мо руҳияи хуби варзишӣ дошта, бачаҳо муштоқи ғалабаанд. Рақибони пурқувват дар гурӯҳ бароямон ангезаи иловагӣ мебахшад. Мо мехоҳем бозии хуб нишон диҳем.
WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE