ТАВАҶҶУҲ! Аз 2 то 6 июл дар Душанбе маҳдудияти муваққатии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷорӣ карда мешавад

Аз 2 то 6 июл дар баъзе аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе бинобар ташрифи меҳмонони оилиқадр  ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт муваққатан  маҳдудуд карда мешавад. Дар ин хусус аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ,  дар ин рӯзҳо дар кӯчаҳои Мастонгулов (фурудгоҳ),  А.Дониш, С.Айнӣ (Садбарг), хиёбони А.Рӯдакӣ то кӯчаи Карамов, хиёбони Сомонӣ то назди беморхонаи «Шифобахш», кӯчаҳои Ш.Шоҳтемур ва Шероз маҳдудияти муваққатии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷорӣ мешаванд ва аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки  аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.

Инчунин аз сокинони шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ хоҳиш карда мешавад, ки безарурият бо воситаҳои нақлиёт ба шаҳри Душанбе ворид нашаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE