Изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои матбуот оид ба натиҷаҳои музокироти Тоҷикистону Узбекистон
02.06.2022, Узбекистон
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Хонумон ва ҷанобон,
Пеш аз ҳама, мехоҳам ба бародари азизам муҳтарам Шавкат Миромонович Мирзиёев барои даъвати сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон самимона ташаккур гӯям.
Мулоқоти навбатии мо дар рӯҳияи созандагӣ ва боварии тарафайн гузашт, ки хоси муносибатҳои ду халқи бародар мебошад.
Мо аҳаммияти нигоҳ доштани муколамаи мунтазами сиёсиро дар ҳама сатҳҳо муҳим шумурдем.
Дар Тоҷикистон ба саҳми шахсии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар рушди муносибатҳои неки ҳамсоягии Тоҷикистон ва Узбекистон баҳои баланд медиҳанд.
Моҳи октябри соли равон Тоҷикистон ва Узбекистон 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатиро ҷашн мегиранд.
Муҳим он аст, ки мо дар соли ҷашнӣ қарори дорои аҳаммияти таърихӣ қабул кардем, ки он ба баланд бардоштани сатҳи муносибатҳо то ба дараҷаи иттифоқӣ нигаронида шудааст.
Имрӯз санади стратегӣ – Эъломия дар бораи таҳкими дӯстӣ ва иттифоқи абадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ба имзо расид.
Мо итминон дорем, ки ин ҷавобгӯ ба манфиатҳои куллии халқҳои мост ва омили муҳими таҳкими сулҳу субот дар минтақа ба ҳисоб меравад.
Дар ҷараёни гуфтушунид дар доираи маҳдуд ва васеъ мо ба татбиқи амалии созишҳои қаблан қабулшуда эътибори хосса зоҳир намудем.
Мояи хушнудист, ки тайи се соли охир дар бахшҳои мухталифи ҳамкорӣ ҳудуди 100 санади дуҷониба ба имзо расид.
Мо ба мувофиқа расидем, ки рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар муносибатҳои тарафайн ҳамчунон авлавият дорад.
Мо ба ҷараёни босуръати афзоиши гардиши мутақобилаи муомилоти мол, ки соли гузашта беш аз 600 миллион долларро ташкил дод, якдилона таъкид кардем.
Умуман давоми шаш соли охир ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ миёни мамлакатҳои мо 40 маротиба афзуд!
Мо барои расидан ба ҳадафе, ки қаблан бо муҳтарам Шавкат Миромонович муайян карда будем, яъне гардиши молро ба як миллиард доллар расонидан пайваста пеш рафта истодаем.
Мо зикр кардем, ки барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва саноат, аз ҷумла дар саноати нассоҷӣ, хӯрокворӣ, пойафзолдӯзӣ, кӯҳӣ ва металлургӣ, инчунин дар бахшҳои металлургияи ранга, дорусозӣ, нақлиёту коммуникатсия, бонкдорӣ ва сайёҳӣ иқтидори бузург мавҷуд аст.
Мо ҳамчунин таъкид намудем, ки имконият дар соҳаи комплекси агросаноатӣ, махсусан дар соҳаи тухмипарварӣ зиёданд.
Дар ин рох мо ахд кардем, ки робитаҳои доираҳои тиҷоратии мамлакатҳоямонро боз ҳам инкишоф диҳем.
Дирӯз мулоқоти ҷамъиятҳои тиҷоратии тарафҳо барпо гардид, ки дар он як бастаи томи шартномаҳои байни субъектҳо ба маблағи умумии беш аз 1 миллиард доллар ба имзо расид.
Таваҷҷуҳи хосса ба зарурати истифодаи ҳамаҷонибаи иқтидори ҳамкорӣ миёни минтақавӣ зоҳир карда шуд.
Тайи чанд соли охир дар минтақаҳои мо тавассути анҷоми сафарҳои мутақобила ва роҳандозии робитаҳои корӣ фаъолияти хуб оғоз шудааст.
Даҳҳо чорабиниҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию башардӯстона баргузор шуданд.
Мо итминон дорем, ки минтақаҳои мо барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар кооператсияи саноатӣ, бахши нақлиёту логистика, комплекси агросаноатӣ, фарҳангӣ, башардӯстона ва илмию техникӣ имконияти калон доранд.
Бо дарназардошти таҷрибаи андӯхта дар ин самт мо пешниҳод кардем, ки дар нимаи дуюми соли равон таҳти раёсати Сарвазирони ду кишвар Форуми минтақаҳо ташкил карда шавад.
Зимни гуфтушунидҳо ҳавасмандии ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика таъкид гардид.
Иқдоми ҷиддӣ дар ин самт – якҷо бо муҳтарам Шавкат Миромонович оғоз бахшидани татбиқи лоиҳаи муштараки Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 320 мегаватт дар рӯдхонаи Зарафшони Тоҷикистон аст.
Комёбиҳои муҳим дар соҳаи нақлиёт низ зикр карда шуданд.
Мо бо камоли қаноатмандӣ зикр намудем, ки шаҳрвандони мо имкони рафтуомади озодона доранд.
Тибқи маълумоти мо, ҳамарӯза ҳудуди 20 ҳазор нафар марзи Тоҷикистон ва Узбекистонро бе мамониат убур мекунанд. Ин рақами хеле муҳим аст.
Реҷаи муомилоти озоди молу хизмат таъмин карда шудааст.
Ҳаҷми боркашонии ҳавоӣ ва автомобилӣ хеле афзудааст.
Мо ахд кардем, ки дар ояндаи наздик имконияти кушодани нақлиёти роҳи оҳани мусофиркашониро миёни пойтахтҳо ва дигар шаҳрҳои мамлакатҳоямон баррасӣ намоем.
Ба ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар арсаи фарҳангӣ, башардӯстона, бахусус дар бахшҳои илму маориф, фарҳанг ва санъат таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.
Ин самт бо назардошти анъанаҳои наздики фарҳангии ду халқи бародар аҳаммияти асосӣ дорад.
Зимни гуфтушунид мо ҳамкории худро дар соҳаи амният муфассал муҳокима кардем.
Мо ҳавасмандии муштараки худро ба таҳкими муборизаи муштарак бар зидди таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ изҳор кардем.
Бо назардошти вазъи мураккаби имрӯзаи байналмиллалӣ, мо омодагии худро ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти минтақавӣ, бахусус дар масъалаи Афғонистон бори дигар тасдиқ намудем.
Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздики Афғонистон ба истиқрори сулҳу ваҳдати дарозмуддат дар ин кишвар самимона манфиатдор аст.
Таъкид карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба таври созанда рушд мекунад.
Мо аз талошҳои Узбекистон ба ҳайси раиси СҲШ дар соли равон пуштибонӣ хоҳем кард.
Мо итминон дорем, ки саммити дар пешистодаи Созмон бо муваффақият мегузарад.
Дар маҷмуъ, ҷонибҳо изҳори итминони қатъӣ намуданд, ки тавофуқоти зимни гуфтушунид ва вохӯриҳои ҷонибҳо ҳосилшуда ба таъмиқи ҳамкории минбаъда дар тамоми самтҳои пешбинишудаи робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Узбекистон мусоидат хоҳанд кард.
Дар хотима мехоҳам бори дигар ба Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович ва дар симои Шумо ба халқи бародари Узбекистон барои истиқболи гарм ва меҳмоннавозии анъанавӣ миннатдории самимӣ баён намоям.
Ташаккур барои таваҷҷуҳ!