ГРАН СЛАМ ТЕЛ-АВИВ: БЕҲРӮЗУ АКМАЛ ШИКАСТ ХӮРДАНД. СОМОН РОҲИ ХУДРО ИДОМА МЕДИҲАД
Дар доираи сабқатҳои мусобиқаи Тел Авив Гран Слами Исроил, ки дирӯз оғоз ёфт, имрӯз ҷудочиёни тоҷикро ба рӯйи татами баровард. Аз миёни 3-варзишгаре, ки имрӯз Тоҷикистонро муарифӣ намуданд, Сомон Маҳмадбеков чун ҳамеша нисбати дигар ҷудочиён бартарии бештар дошту маҳорату малакаи худро дар ин мусобиқаи фароҷаҳонӣ нишон дод. Дар даври аввал Сомон озод буд ва дар даври дуюм бо намояндаи кишвари Лаҳистон Адам Стодолски рӯйи татами баромад. Сабқати ҳарду ҷудочӣ ҷолиб сурат гирифт. Дар оғоз як лаҳзаи бисёр муҳим барои Сомон пеш омад, ки мутаасифона аз он хуб истифода накард. Аммо дар идома чанд дақиқаи баъд бо як маҳорати хуб ва усули гуштини миллӣ ҳарифро бардошта ба пушт партофту роҳи худро ба даври сеюм ҳамвор сохт. Гран Слам Тел Авив барои ҷудочиёни тоҷик, Беҳрӯз Хоҷазода ва Акмал Муродов, ки дар даври аввал аз ҳарифонашон шикаст хӯрданд ба анҷом расид. Ҳамакнун дар идома мо шоҳиди маҳорати гӯштингирии Сомон Маҳмадбеков хоҳем шуд.
Султонов Шодонҷон
Садои Душанбе