Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ хабар медиҳад
Амалиёти махсус нисбат ба саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович ва Раҷабов Зоир Карамхудоевич гузаронида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маркази матбуотии Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.
Дар хабар, аз ҷумла гуфта мешавад, аз тарафи Прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбат ба саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, соли таваллудаш 1972, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, маълумоташ миёна, бо моддаҳои:
— 179 (терроризм);
— 104 қисми 1 (куштор);
— 237 қисми 2, (авбошӣ);
— 345 қисми 2 (монеъ шудан бо татбиқи адолати судӣ);
— 200 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ);
— 289 (қочоқи силоҳу аслиҳа);
— 181 (ғасби гаравгон);
— 182(ғасби бино ва иншоти ҳокимияти давлатӣ);
— 328, қ. 2 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимияти давлатӣ);
— 309 (тахрибкорӣ дар объектҳои ҳаётан муҳим);
— 189қ.3. (барангехтани кинаву адовати милливу нажодӣ);
ва Раҷабов Зоир Карамхудоевич, соли таваллудаш 1972, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, маълумоташ миёна, ки нисбаташ аз тарафи Прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо моддаҳои
— 179 (терроризм);
— 200 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ);
— 289 (қочоқи силоҳ);
— 182 (ғасби бино ва иншооти ҳокимияти давлатӣ);
— 328, қ. 2 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимияти давлатӣ);
— 309 (тахрибкорӣ дар объектҳои ҳаётан муҳим);
— 189 қ. 3. (барангехтани кинаву адовати милливу нажодӣ);
— 345 қ. 2 (монеъ шудан бо татбиқи адолати судӣ) парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда буданд.
Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович ва Раҷабов Зоир Карамхудоевич барои пешбурди тафтишот ба органҳои ҳифзи ҳуқуқ чандин маротиба расман даъват шуданд.
Аммо онҳо ҳар дафъа барқасдона аз иҷрои талаботи қонунии органҳои маъмурӣ саркашӣ мекарданд.
Ҳангоми чорабинии дастгиркунӣ Хурсанд Мазоров ва Зоир Раҷабов ба талаботи воҳидоти таъйиноти махсус, дар бораи ихтиёран супоридани худ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ итоат накарда, муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз норинҷакҳои дастии Ф-1 ва автомати Калашников, истифода намуданд.
Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткорон безарар гардонида шуданд.
Аз ҷои ҳодиса:
- Як адад пулемёти дастии Калашников;
- Як адад пулемёти Калашников;
- 11 автомат Калашников бо 5715 адад тир ва 66 тирдон;
- 9 адад гранатомёти дастии зиддитанкӣ бо 546 адад тир;
- 2 милтики мерганӣ бо дурбин;
- 3 адад тапончаи Макаров бо 198 дона тир ва 10 адад тирдон;
- 36 адад норинҷаки гуногунтамға бо 15 фурузонак;
- 20 гулӯлаи гранатомёти зиддитанкӣ;
- 2 адад дурбини мергании шабона;
- 3 адад тиризермили гранатомёт;
- 1 адад найзакорд;
- 19 фишанги тарканда;
- 5 адад мухобира;
- 18 адад қуввадиҳандаи гранатомёти дастии зиддитанкӣ;
- 3 адад телефони сенсорӣ, 4 телефони одӣ бо симкорти афғонӣ;
- 1 адад телефони моҳворавӣ бо чор адад сим-корт;
- 1 адад аксбардори “Кодак”;
- 1 адад мавҷқабулкунаки мухобираи “Кодак”;
- 700-доллари ИМА, 60 сомонӣ;
- 7 адад камарбанди ҳарби барои тирдон;
- 7 ҷуфт либоси ҳарбии саҳроӣ;
- 1 адад дурбини шабона;
— ду нақлиёти сабукрав, ки аз бордони онҳо лавозимоти ҷангии гуногунтамға дарёфт, тибқи талаботи қонун мусодира ва ҳуҷҷатнигорӣ карда шуданд.
Ҳамзамон, дар рафти амалиёт 10 нафар алоқаҳои ҷиноятии онхо дастгир карда шуд. Аз ҷумла, ҳангоми кофтуков аз манзили истиқоматии 2 нафари онҳо Имомназар Шоиширинов 2 адад автомат Калашников бо 3 тирдон, 120 дона тири қутраш 7,62 мм ва аз хонаи шахсии Муслим Шерзамонов — 1 адад автомат Калашников бо 1 тирдон, 18 тири қутраш 5,45 мм, 2 норинҷаки Ф-1 ёфта, тибқи талаботи қонун мусодира ва ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд.
Тафтишот нисбат ба парвандаҳои мазкур аз ҷониби Прокуратураи вилоят идома дорад.
АКС: Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ/АМИТ «Ховар»